Баъди бозӣ бо дастаи “Аҳал” сармураббии дастаи “Равшан” Ғайраталӣ Мираҳмадов дар нишасти матуботӣ ширкат варзида, ба саволҳои рӯзноманигорон посух гуфт. Сараввал сармураббӣ доир ба бозӣ изҳор дошт, ки “Равшан” новобаста аз бозӣ кӯшиш намуд, ки дар ин рақобат ба натиҷаи дилхоҳ ноил шавад.
"Мутаассифона мо дар қисми аввали бозӣ ду голи тезкор ба дарвозаи худ сардодем. Аммо баъди ин голҳо дастаи мо ба худ омад ва чандин имкониятҳои хуби голзанӣ созмон дод. Дар қисми аввали бозӣ мо ба футболбозони ботаҷрибаи худ умед кардем ва мақсад гузоштем, ки дар нимаи дуюми нерусанҷӣ дар хати ҳамла футболбозони ҷавонро дарорем. То андозае мо ба ин кор муваффақ шудем, аммо дар зарбаи охирин кори мо омад накард ва ҳамин тавр мо дар ин бозӣ мағлуб шудем”, - иброз намуд Мираҳмадов.