LIVE

Норозигии сармураббии “Равшан” аз кори доварон

Сармураббии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб Ғайраталӣ Мираҳмадов баъд аз даври аввали Чемпионати Тоҷикистон бар муқобили “Истаравшан”, норозигии худро нисбати кори доварони вохӯрӣ баён намуд. 

Имрӯз “Равшан бар муқобили 11 нафар не, балки 14 нафар футбол бозӣ кард. Кори доварон қобили қабул нест ва агар чунин доварон бошанд, ман намедонам, ки ояндаи футболи тоҷик чӣ мешавад. Департаменти нозирон ва доварон бояд назорат кунад. Ин бозии аввал аст, аммо аллакай иштибоҳҳо нисбати кори доварон ба чашм мерасанд.  
Ман хоҳиш мекунам, ки корти сурхи Сафаралӣ Каримов дида шавад, зеро онҷо мубориза буд, аммо довар корти зарди дуюмро нишон дод. 
Байни бозии аввали мо дар Суперҷоми Тоҷикистон ва дуюм дар Лигаи Олӣ ҳамагӣ ду рӯз вақт буд, ки ман аз ин розӣ нестам. Мо дар Суперҷоми Тоҷикистон вохӯрии мушкил дар сафар доштем ва ду рӯз пас боз дар сафар бозӣ кардем. Чӣ гуна ду бозии сафарӣ гузоштан дар ин вақти кам мумкин аст?""- иқрор шудааст Ғайраталӣ Мираҳмадов.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив