LIVE

Дар Испания доварон бештар ба “Реал” кӯмак кардаанд

“Реал Мадрид” аз ҳама бештар аз ҳисоби қарорҳои доварон дар чемпионати Испания фоида ба даст овардааст.  Натиҷаи кори доварон баъд аз анҷоми Чемпионати Испания мавриди таҳлил қарор гирифт. Дар ин таҳқиқот оморҳо дар самти ҷаримаҳо, кортҳо ва дигар нишондиҳандаҳо ба назар гирифта шуданд. Аз қарори доварон фоидаи бештарро “Реал Мадрид” ба даст овардааст, ки қаҳрамони Ла Лига шуд.  Панҷгонаи аввал чунин аст: “Атлетико”, “Селта”, “Севиля” ва “Вилярреал”. “Барселона” аз лиҳози кӯмаки доварон дар рейтинг мақоми 15-умро ишғол кард. Ин таҳқиқотҳо дар он самт равона шудааст, ки доварони футбол дар ҷараёни кори худ хулосаҳои худро бештар ба суди кадом тими футбол баровардаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив