LIVE

Имрӯз "Равшан" бозии якуми худро бо "Аҳал" доир менамояд

Дар гуруҳи “Е”-и Ҷоми конфедератсияи футболи Осиё  дастаи "Равшан"-и Тоҷикистон ба ҳайси ғолиби Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол имрӯз бозии аввали гуруҳии худро дар варзишгоҳи “Дордой-Динамо”-и Бишкек бо Аҳали Туркманистон баргузор менамояд. Дирӯз бошад, баъди баргузории нишасти хабарии дастаҳо дастаи "Равшан" тамрини расмии худро дар ин варзишгоҳ ба роҳ монд.
Маврид ба зикр аст, ки дастаи "Равшан" имрӯз бозии авалини худро дар даври гуруҳии Ҷоми конфедератсияи Осиё-2021 бо дастаи “Аҳал”-и Ҷумҳурии Туркманистон баргузор менамояд. Дар тамрини дастаҷамъии "Равшан"-и Кӯлоб ҳамаи футболбозон ва ситоди мураббиён иштирок карда, машқҳои сабуки пеш аз бозӣ гузарониданд. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дастаи "Равшан"-и Тоҷикистон солҳои қаблӣ низ ду маротиба дар ин мусобиқоти бонуфуз иштирок намудаст ва дар таърихи футболи тоҷик бори нахуст аз лиҳози бартарият ҳамчун дастаи Лигаи 2-юми футболи тоҷик ба ин мусобиқот роҳ ёфт. Дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ, сармураббии дастаи "Равшан" Ғайраталӣ Мираҳмадов иттилоъ дод, ки қисмати зиёди футболбозони "Равшан" таҷрибаи хуби бозӣ бо дастаҳои Осиёи Миёнаро доранд ва бо такя ба ин футболбозон ва дигар футболбозони ҷавони даста онҳо барои ба даст овардани аввалин ғолибият дар даври гурӯҳӣ талош меварзанд. Бозии дастаи "Равшан" бо "Аҳал" имрӯз соати 19:00  ба вақти Душанбе бе иштироки мухлисон ба роҳ монда мешавад ва мухлисону ҳаводорони футболи тоҷик имкон доранд, ки бозии мазкурро тариқи шабакаҳои  Футбол ва ВАРЗИШ  тамошо кунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив