LIVE

"Равшан" ҷиҳати ширкат дар Ҷоми КФО ба Бишкек сафар кард

Дастаи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иштирок дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуд. Дастаи "Равшан" тариқи ҳавопаймо аз Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дирӯз соати 20:00 ба шаҳри Бишкек парвоз намуд.  Ҳайати дастаи "Равшан"  дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Бишкек масъулини Федератсияи футболи Қирғизистон ва дигар шахсони расмӣ дар сатҳи баланд истиқбол гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки дастаи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб дар гурӯҳи "Е" бо дастаҳои "Аҳал"-и Туркманистон санаи 14 май ва бо дастаи  “Дордой”-и Қирғизистон санаи 20-уми май андари майдони рақобат мешавад.  Дастаи "Равшан"-и Тоҷикистон айни ҳол дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Бишкек қарор дошта, дар рӯзҳои баъдӣ омодагии худро ба бозиҳои дарпешистода оғоз менамояд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив