LIVE

Имрӯз "Хуҷанд" бо "Алтин Асир" рақобат мекунад

Бошгоҳи "Хуҷанд"-и Тоҷикистон  охирин тамринҳои худро  барои бозӣ бо тими  "Алтин Асир"-и Туркманистон, ки  имрӯз яъне 14 май соати 21:05 дақиқа дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри  Душанбе доир мегардад, роҳандозӣ намуд. Аллакай "Хуҷанд" дархости ҳайати бозигаронро барои вохӯрии интизор  эълон намуд. Дар дархост 21 футболбоз  шомил   шудааст. Аз ҷумла, 4  легионер,дарвозабон Алексей Матросов, Самандор Очилов,  Максим Грек ва Артем Сердюк. 
 Рустам Хоҷаев дастаҷамъ  3 дарвозабон,7 ҳимягар    7 нимҳимоятгар 4 ҳамлагарро барои бозӣ бо  дастаи туркманӣ   интихоб намудааст. Бозии дастаҳои "Алтин Асир"-"Хуҷанд"-ро шабакаҳои "Варзиш" ва "Футбол" мустақиман пахш месозанд.
     Ғолибони гурӯҳҳои минтақаи марказии Ҷоми AFC-2021 дар марҳилаи ниҳоии минтақавӣ, ки аз ду бозӣ иборат аст, рӯзҳои 11-ум ва 25-уми август бо ҳам неруозмоӣ менамоянд. Финали мусобиқот бошад, 26 ноябр дар назар аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив