LIVE

Месси барои зиёфаташ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад

Ҳамлагари "Барселона" Лионел Месси пас аз хӯроки нисфирӯзие, ки  ӯ дар хонааш мизбонӣ кардааст, метавонад ба таҳримот дучор ояд.
Тибқи иттилои OK Diario, дар айни замон Каталония маҳдудиятҳои коронавирусӣ дорад, ки тибқи он дар як ҳуҷра новобаста аз андозааш на бештар аз шаш нафар ҷамъ омада метавонанд. Теъдоди меҳмонони Месси аз ин рақам якчанд маротиба зиёд буд. Агар амали Месси ҳамчун як қоидавайронкунии ҷиддӣ баррасӣ шуда бошад, пас ӯро аз 3000 то 60.000 евро ҷарима интизор аст.
Хотиррасон мекунем, ки аргентинӣ тасмим гирифт, ки барои таҷлили ғалаба дар бозии даври 34-уми Ла Лига бо Валенсия (3:2) хӯроки шом ташкил карда, ба вохӯрии муҳимтарин бо “Атлетико  Мадрид”  дар даври 35-ум омодагӣ бинад. Лео мехост тимро пеш аз бозиҳои ҳалкунандаи чемпионат гирд оварад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив