LIVE

"Реал" футболбози калидиашро аз даст дод

Сомонаи дастаи “Реал Мадрид” хабар медиҳад, ки дифоъгар Рафаэл Варан бинобар сабаби осеб бардоштанаш дар бозии ҷавобии даври ½ ниҳоии Лигаи чемпионҳо бар муқобили “Челси” бозӣ намекунад. Ёдовар бояд шуд, ки Варан дар бозии даври 34-уми Ла Лига бар зидди “Осасуна” (2:0) осеб гирифта, дар дақиқаи 46-ум иваз карда шуд.
Бозии якуми дастаҳо дар шаҳри Мадрид бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфта буд. Акнун бозии ҷавобӣ бошад, 5-уми май соати 23:55 дар варзишгоҳи «Стэмфорд Бриҷ»-и шаҳри Лондон баргузор мешавад. Ҷараёни бозиро ТВ Футбол мустақиман пахш месозад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив