LIVE

Пешвози "Истиқлол" дар фурӯдгоҳи Душанбе

Қаҳрамони Тоҷикистон, "Истиқлол" -и Душанбе, ки ғолиби гурӯҳи "А" -и Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 шуд ва роҳхат ба марҳилаи 1/8 финалии мусобиқаро ба даст овард, субҳи барвақт ба Ватан баргашт.
Дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати клуби пойтахтро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, намояндагони ВАО ва мухлисони сершумор пешвоз гирифтанд.
Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021, ки аз 15-ум то 30-юми апрел дар Риёз баргузор шуд, "Истиқлол" шаш бозӣ гузаронида, се ғалаба ба даст овард ва бо даҳ имтиёз, қаҳрамони Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" мақоми аввалро касб кард ва ба даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 баромад. Акнун даври плей-офф бо "Персеполис" -и Эрон бозӣ хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив