LIVE

Верратти ба Гвардиола чӣ гуфт?

Ҳангоми бозии аввали даври ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳо байни “Париж-Сен-Жермен”-и Фаронса ва “Манчестер Сити”-и Англия гуфтугӯи ғайриоддӣ байни нимҳимоятгари 28-солаи итолиёвии Парижҳо Марко Верратти ва Хосеп Гвардиола, сурат гирифтааст. Дар ин бора Football Italia хабар медиҳад. Дар яке аз ҳолат, вақте ки Верратти як ҳаракати хатарноке кард, ки тӯбро аз як бозигари “Манчестер Сити” гирад, Гвардиола аз довар хостааст, ки итолиёвиро барои ин амалаш ҷазо диҳад. Худи Верратти инро шунида, ба забони испанӣ ба Пеп рӯ овард: «Шумо чӣ мехоҳед? Даҳонатро пӯш!" Ин ибораро шореҳони шабакаи телевизионии Sky Sport Italia ба хубӣ шуниданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив