LIVE

Антирекорди "ПСЖ" дар 20 соли охири Лигаи чемпионҳо

"Манчестер Сити" -и Англия дар бозии аввали даври  нимниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо  бар "ПСЖ" пирӯз шуд - 2:1.  Ҳарчанд дар  нимаи аввал мизбонон пас аз як голи Маркинйос бо ҳисоби 1:0 бартарӣ доштанд. Тавре сомонаи расмии UEFA иттилоъ медиҳад, фаронсавиҳо бори аввал дар 20 соли охир дар бозии Лигаи қаҳрамонҳо,  ҳангоме ки дар қисмати аввали бозӣ пешсаф будан, баъдан мағлуб шуданд. Бори охир ин ҳодиса моҳи марти соли 2001 рух дода буд.  Ҳамон замон “ПСЖ” аз “Депортиво” бо ҳисоби 3:4 шикаст хурда буд. Ҳарчанд пас аз нимаи якуми бозӣ бо ҳисоби 2:0   пеш буд.
Инчунин қайд карда мешавад, ки барои "шаҳриҳо" ин пирӯзӣ 18-умин ва  пай дар пай мебошад, ки дар меҳмонӣ ба даст оварда шудааст. Ҳисоби умумии ин вохӯриҳо 46:9 мебошад. Бори охир “Манчестер Сити”  дар бозӣ бо “Манчестер Юнайтед” холҳоро аз даст дода буд. Моҳи декабри соли 2020 дастаҳо бо ҳисоби 0:0 бозӣ карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив