LIVE

Бозии рӯз:"ПСЖ"-"Манчестер Сити". Кӣ пирӯз мешавад?

Рақобати дастаҳои "ПСЖ" ва "Манчестер Сити"-ро мухлисон дербии сарватмандон  меноманд. ПСЖ  аз ҷониби   шайхҳои Қатар, Манчестер Сити бошад,  аз ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб маблағгузорӣ мегарданд.
ПСЖ ҳафтаҳои охир дар плей-оффи Лигаи чемпионҳо, новобаста аз мушкилоти доимӣ дар ҳайат  ва рақибони пурқудрат  якдилӣ ва оромии азимеро нишон медиҳад, ки дар набардҳои солҳои гузашта маҳз ҳамин хислатҳо ба парижиҳо намерасиданд. Дар давраҳои қаблӣ "ПСЖ" "Барселона" ва  қаҳрамони феълии мусобиқа "Бавария Мюнхен"-ро шикаст дод. Ин даста  дуввумин мавсим пай дар пай аст, ки  ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтааст ва метавонад пас аз шикасти "Манчестер Сити"    нуҳумин дастае дар таърих бошад, ки дар ду финал  пайиҳам  бозӣ кардааст.  Шогирдони Почеттино аз шаш бозии охир дар панҷтоаш ғалаба ба даст овардаанд ва ҳар дафъа ҳадди ақал се гол задаанд.  Вале кори онҳо   дар Лигаи 1  барои медали тилло чандон бобарор нест. Зеро тақдири зинаи якум дар дасти бошгоҳи "Лилл" аст.  Парижиҳо чандон мушкилии кадрӣ надоранд. Танҳо ҳимоятгар Хуан Бернат бинобар ҷароҳат доштанаш  дар вохӯрӣ иштирок намекунад. Ширкати Маркинйос ҳам зери суол аст.

      "Манчестер Сити" дар Премйер Лига  кайҳо аз дигарон пеш гузаштааст. Дар давраҳои қаблии плей-оффи Лигаи чемпионҳо бошад,  "Манчестер Сити" ду рақиби олмониашро шикаст дод. Аввал ду бор бар "Боруссия Мёнхенгладбах" ва сипас "Боруссияи Дортмунд" пирӯз гардид. Эҳтимол аст, ки "Сити" ташаббусро аз дақиқаҳои аввали бозӣ бо "ПСЖ" ба даст гирад, аммо бо эҳтиёт   муносибат мекунад. Зеро Пепро мебояд таҳдидҳои  бузург ба мисли  Мбаппе ва Неймарро пешгирӣ кунад. "Манчестер Сити" дар бозӣ бо ПСЖ бо ҳайати  комил ҳозир мешавад.
       Дастаҳо ҳамагӣ бо ҳамдигар се бор вохӯрдаанд. Дар Ҷоми УЕФА дар солҳои 2008/09 рақобаташон бидуни гол хотима ёфта буд. Дар даври чорякниҳоии Лигаи чемпионҳои 2015/16, ки “Сити” аз рӯйи натиҷаи ду бозӣ бозӣ 3:2 ғолиб гардидааст.
      Дар ин бозӣ ҳам мутахассион батариро  ба МС медиҳанд.  Онҳо бар он назаранд, ки айни замон  "шаҳриҳо" ҳам аз ҷиҳати техникӣ, физикӣ ва ҷисмонӣ дар ҳолати хубтар қарор доранд.
Рақобати дастаҳои  "ПСЖ" - "Манчестер Сити" имшаб соати 23-50 дақиқа мустақиман тариқи шабакаҳои Варзиш ва Футбол пахш мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив