LIVE

Сархати ахбори рӯз: Зидан 5 бозӣ боз бар Тухел ғолиб омада наметавонад

  • Канте беҳтарин бозингари бозии аввали даври ½ ниҳоии “Реал” ва «Челси» шинохат шуд. Аз ҳама бисёртар дар майдон ӯ фаъол буд.
  • «Реал» дар бозӣ 2 маротиба ба дарвозаи «Челси» зарба зад. Лондониҳо бошанд, 5 маротиба.
  • «Реал» то ҳол бар «Челси» ғолиб омадагӣ нест: 2 мусовӣ, 2 бохт. Бозии ояндаашон рӯзи 5 май баргузор мегардад.
  • Диаш оиди бозӣ бо «ПСЖ»: «Ин бозӣ мисли як финал хоҳад буд. «Манчестер Сити» ба қаҳрамонӣ наздик шудааст, лекин дар пеш боз кори зиёде мондааст.»
  • Корти сурхи бозингари «Вест Хэм» Балбуэн дар бозӣ муқобили «Челси» бекор карда шуд.
  • Бензема баъди рафтани Роналду 15 голро барои «Реал» дар Лигаи қаҳрамонҳо ба ҳадаф расонидааст. Криштиану бошад, дар ин муддат 14 голро барои «Ювентус» ба самар расонидааст.
  • Андрей Аршавин: «Зенит»-ро мебояд сохтори дастаи «Лейпсиг»-ро пеш гирад. Хариди бозингарони гаронарзиш роҳи ҳал нест.»
  • Пулишич – аввалин амрикоие, ки дар даври нимниҳоии ЛҚА гол задааст.
  • Маунт 100-умин бозии худро дар «Челси» анҷом дод. Ӯ аз мавсими гузашта боз дар ҳайати “ашрофзодагон” бозӣ мекунад.
  • Бензема 71-умин голи худро дар ЛҚА ба самар расонида, ба дастоварди Раул расид. Аз ӯ зиёдтар фақат Роналду, Месси ва Левандовский гол задааст.
  • Зидан боре ҳам бар Тухел дар 5 бозии байнашон шуда, ғолиб наомадааст.
  • «Реал» дар 7 ҳолат аз 9 – тои доштааш, баъди мусовӣ дар бозии аввали дар майдонаш шуда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум гаштааст.
  • Тухел дар муқобили дастаҳои испанӣ дар ЛҚА ягон маротиба ноком нагаштааст: 4 мусовӣ ва 3 бурд дорад ин мутахассиси олмонӣ.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив