LIVE

“Челси” дар Лигаи Чемпионҳо рекорди нав гузошт

“Челси” баъд аз маҳрум кардани "Порту" (2-0,0-1) аз идомаи рақобатҳои Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо  ба даври нимниҳоии ин мусобиқа баромад.  Клуби лондонӣ дар таърихи хеш маротибаи 8-ум аст, ки ба даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳхат мегирад. Ин натиҷаи беҳтарин дар байни дастаҳои англисӣ маҳсуб мешавад.  Дар ин муддат “Манчестер Юнайтед” 7 маротиба, “Ливерпул” - 5, “Арсенал”-2, “Манчестер Сити, “Тоттенхэм” ва “Лидс” - як маротибагӣ дар нимфинал бозӣ кардаанд. 
Дар даври навбатӣ шогирдони Томас Тухел бо ғолиби ҷуфти "Реал" - "Ливерпул" рӯбарӯ мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив