LIVE

Сархати ахбори рӯз: Вазъи дастаҳои Суперлига чӣ гуна аст???

  • “Интер” дар сурати дар даври оянда бар “Кротоне” ғолиб омадан, қаҳрамони мавсими имсолаи Италия мешавад, ин ҳам ба шарте, ки “Аталанта” бар “Сассуоло” ғолиб наояд.
  • Пиоло оиди бо ҳисоби 0-3 мағлуб шудан аз “Латсио”: “Аз “Милан” умеди зиёд доштем. Намефаҳмам, чи гуна қабл аз голи дуюм ба қоидавайронкунии Чалханоғлу роҳ додан, довар ҳуштак накашид.”
  • Ди Ливио дар бораи Роналду: “Гоҳо ӯро аз курсии эҳтиётӣ ба бозӣ роҳ дод, ин ба фоидааш хоҳад буд. Вақтҳои охир ӯ бисёр ба хатогиҳо роҳ медиҳад.”
  • Унаи Эмери: “Арсенал” ва Артета – иттҳоди хубе шудааст. Микел футболи дилкашеро ба бошгоҳ гардондааст.”
  • Гюндоган гуфт, ки ӯро ба сабаби насаби туркӣ доштанаш дар Дортмунд ҳуҷра ба иҷора надоданд.
  • Бошгоҳҳои Суперлига дар 10 бозии даври гузашта ҳамагӣ 3 ғалаба доштанду халос. Танҳо ба “Интер”, “Барселона” ва “Челси” муяссар шуд, ки соҳиби 3 имтиёзӣ гарданд.
  • “Бавария” ба Нагелсманн 15 миллион евро пардохт менамояд. Агар ӯ бошгоҳро соҳиби ҷом гардонад, маблағ то 20 миллион евро боло меравад. (Bild)
  • Писари 17-солаи Пирлоро дар сурати “Ювентус” дар ин мавсим ноком гаштанаш, марг таҳдид мекунад. Мухлисони ашаддии ин бошгоҳи туринӣ алакай ба чунин таҳдидкунӣ гузаштаанд. (Football Italia)
  • “Реал” баъди ноком шудани лоиҳаи Суперлига, нияти харидории Мбапперо нақша мекашад. (AS)
  • Энди Робертсон: “Ливерпул” барои Лигаи қаҳрамонҳо сохта шудааст. Агар мо имсол ба он роҳхат нагирем, ин зарбаи сахте хоҳад буд.”
  • Дембеле бо “Барселона” қарордодашро тамдид карданӣ нест. Аз он ки роҳбарияти бошгоҳ тобистони порсол хоҳиши фурӯхтани ӯро карда буд, ин тасмимро гирифтанист.
  • Аспиликуэта карйераи футболбозиашро дар “Атлетико” давом доданист. (Marca)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив