LIVE

Суперлига расман эълон гардид

Хабари муҳиме, ки сархати ахбори олами футболро фаро гирифтааст, ин баргузории Суперлига мебошад, ки дирӯз аз сохтани он эълон гардид. Бозиҳо дар байни рӯзҳои ҳафта, ки дар онҳо футболи чемпионатҳои дохилӣ нест, баргузор карда мешаванд. 12 бошгоҳи машҳури аврупоӣ: “Милан”, “Арсенал”, “Атлетико”, “Челси”, “Барселона”, “Интер”, “Ювентус”, “Ливерпул”, Манчестер Сити”, Манчестер Юнайтед”, “Реал Мадрид” ва “Тоттенхем” дастаҳоеанд, ки аллакай ризоияти худро аз баргузорӣ ва иштирок дар ин мусобиқа изҳор доштаанд. Боз 3 бошгоҳи дигар то оғози мавсими нав, тасмими худро оиди пайвастан ба ин мусобиқа эълон хоҳанд кард. Тибқи лоиҳаи ин мусобиқа, дар як лига 20 бошгоҳи беҳтарини Аврупо ҷамъ хоҳанд шуд. Қаблан ошкор гашта буд, ки барои иштирок ва аъзо шудан ба ин мусобиқаи нави аврупоӣ, ҳар бошгоҳ то 350 миллион эвро дарёфт менамояд. Тибқи хабарҳои ғайрирасмии расида, 20 даста дар ду гурӯҳ – 10 дастаӣ тақсим хоҳанд шуд. Дар як мавсим аз 18 то 23 бозии ин мусобиқа дар назар гирифта шудааст.

Федератсия футболи Аврупо – УЕФА аллакай аз ин тасмими гирифташуда, изҳори норизоӣ намуда, ба ҳама 12 бошгоҳе, ки барои ин мусобиқа нақши калидӣ гузоштаанд, маҳдудиятҳоро ҷорӣ намуданист. Аз ҷумла, дар изҳороти хадамоти матбуотии УЕФА, ки онро журналисти итолёвӣ Николо Скира дар саҳифаи “Твиттер”-и худ нашр намудааст, омадааст, ки: “Ҳар як бошгоҳ ва бозингаре, ки дар Суперлига бозӣ хоҳад намуд, аз ҳама мусобиқаҳои УЕФА ва ФИФА маҳрум гардонида мешаванд. Хоҳ он бозиҳо қоравӣ (аврупоӣ) бошанд, хоҳ байналмилалӣ.

Аллакай президенти ин мусобиқаи банақшагирифта ҳам маълум буда, тибқи хабарҳо ба он Президенти бошгоҳи “Реал Мадрид” Флорентино Перес роҳбарӣ хоҳад намуд. Ҳар як дастаи муассиси ин мусобиқа бошад, маблағи якдафъаинаи пулиро дар ҳаҷми 3,5 миллиард эвро дарёфт менамояд.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив