LIVE

Санаи оғози мавсими нави Лигаи олӣ эълон шуд

Кумитаи тадорукоти Федератсияи футболи Тоҷикистон   нақшаи баргузории сиюмин Чемпионати кишварро дар байни дастаҳои Лигаи олӣ тасдиқ кард.
Бо пешниҳоди кумита, Лигаи олии Тоҷикистон, ки дар он даҳ даста иштирок мекунанд, дар се давр баргузор мешавад. Санаи оғози чемпионат 3 апрел дар назар аст.
Лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон дар мавсими нав номҳои нав хоҳанд гирифт, ки баъдтар тасдиқ карда мешаванд.
Ин қарорҳои Кумитаи тадорукоти ФФТ бояд дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив