LIVE

Сархати ахбори субҳгоҳӣ: Ҷароҳати Эден Азар табобат ёфт, Роналду бошад шояд ба Манчестер баргардад!

  • «Кронке, бирав!». Мухлисони «Арсенал» муқобили соҳиби бошгоҳи дӯстдоштаашон ҳамоиш карданд.
  • Тухел дар бораи Суперлига: «Соҳибмулки «Челси» маҷбур нест назди ман узрхоҳӣ кунад.»
  • Гиггз мунтахаби Уэлсро дар Евро-2020 роҳбарӣ намекунад. Ӯро ба ҳамла ба ду зан мутаҳҳам мекунанд.
  • «Ман Сити» оиди гузариши трансферии футболбози 17-солаи «Флуминенсе» Кайки хабар дод. Хабар дода мешавад, ки барои ин бозингар 10,5 млн фунт пардохт менамоянд.
  • Сулшер дар бораи Суперлига: «Фикри нодуруст. Шарт нест барои ном шуда, ҳуқуқи иштирок кардан диҳӣ, барои ин сазовор шудан лозим!»
  • «МЮ» бо агенти Роналду оиди гузаришаш ба дастаи қаблиаш қарордод бастанист. [Николо Скира]
  • УЕФА гузаронидани се бозии Евро-2020-ро аз Дублин ба Санкт-Петербург тасдиқ намуд. Як бозии дигарро «Уэмбли» соҳиб мешавад.
  • Бошгоҳҳо-асосгузорони Суперлигаи Аврупо аз ҷониби УЕФА ҷазо дода намешаванд.
  • Артета  дар бораи он, ки «Арсенал» - ро бояд ба Суперлига даъват намекарданд: «Мо яке аз беҳтарин бошгоҳҳои футболи оламем. Таърихро набояд инкор кард.»
  • Гвардиола дар бораи тағйироти нави Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо: «Ҳама мехоҳанд, ки сифати бозиҳо беҳтар шавад, аммо УЕФА шумораи бозиҳои зиёдро хоҳон аст. Пас аз онҳо хостан лозим, то солро 400 рӯз кунанд.»
  • Азар аз ҷароҳати бардоштааш барқарор шудааст ва метавонад бо “Бетис” бозӣ намояд. Ӯ зиёда аз як моҳ боз ба майдон набаромадааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив