LIVE

Сархати ахбори рӯз:

  • «Милан» аз тамдиди қарордод бо Иброҳимович ба муддати як соли дигар хабар дод! Футболбози шведӣ моҳи октябр 40-сола мешавад. 
  • Президенти УЕФА: «244 аз 247 бошгоҳҳои Аврупо тарафдори моанд. Мунтазирем, то ҳама бошгоҳҳо хатогии худро дарк намоянд, то пардохти сангини онро накашанд.»
  • Хавер Тебас: «Ҳамаи Суперлигаи онҳо – дурӯғ. Дар тамоми олами футбол чунин маблағҳои ҳангуфти барои ҳуқуқи пахше, ки онҳо гуфтанду дар нақшаи намоишномаи худ ба намоиш гузоштанд, мавҷуд нест.»
  • Премйер-Лигаи Англия регламенти худро тағйир медиҳад. Бошгоҳҳое, ки минбаъд фикри ба Суперлига пайваст шуданро мекунанд, аз иштирок дар чемпионати Англия маҳрум карда мешаванд. [The Times]
  • Агуэро бо “Барселона” қарордоди дусола мебандад, ба шарти он ки Месси дар даста бимонад [As]
  • Се бозии Евро – 2020 – ро  аз Дублин ба Санкт-Петербург мекӯчонанд. УЕФА имрӯз оиди ин масъала қарорашро эълон мекунад. [Спорт-Экспресс]
  • Соҳибкори амрикоии соҳиби бошгоҳи «Бордо» дигар бошгоҳро маблағгузорӣ карданӣ нест.
  • Флорентино Перес: «Бе Суперлига гузариши трансферии Мбаппе ва Холанд ғайриимкон аст. Ин танҳо ба “Реал Мадрид” дахл надорад.»
  • «Аталанта» 6 бозӣ боз бебохт бозӣ дорад: 5 бурд ва 1 мусовӣ. 
  • Шогирдони Диего Семионе ду бозӣ боз пайиҳам фақат ғолиб меоянд. Ин аз моҳи январ инҷониб бори аввал аст. Шоми дирӯз онҳо, “Уэска”-ро бо ҳисоби 2-0 шикаст доданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив