LIVE

Перес ва сабаби таъсиси Суперлига

Президенти бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” ва Суперлигаи Аврупо Флорентино Перес сабаби таъсиси ин мусобиқаи навро дар олами футбол шӯру валвалаи наверо барангехтааст, ба хабаргузории “Marсa” чунин шарҳ дод:

“Бошгоҳҳои беҳтарини Англия, Италия ва Испания бояд роҳи раҳоӣ аз ин ҳолати бӯҳроние, ки футбол дар он қарор дорад, ёбанд. Бозӣ бояд ба мисли ширкатҳо, одамон ва менталитети мардум пешрафт кунад. Бубинед, ҳоло тарзи зиндагии мардум дигар гаштааст ва футбол ҳам бояд ба замоне, ки мо дар он зиндагӣ дорем, мутобиқ гардад. Таваҷҷӯҳ ба футбол кам шудааст. Телевизион бояд тағйир кунад, то ки мо низ мутобиқ шавем. Ҷавононро дигар футбол дилгарм намесозад. Сабабаш бозиҳои дилгиркунандаи зиёдест, ки футболи бузургро фаро гирифтааст. Акнун ҷавонон ба дигар чизҳо рӯй оварда истодаанд, то ки шавқманд бошанд. Шумо худ дида истодаед, ки чӣ гуна аудиторияи тамошобинон кам шуда истодааст. Ҳамеша ва дар ҳар замон вақте чунин ҳолатҳо ба вуқӯъ меоянд, одамоне пайдо мешаванд, ки муқобили ин рӯйдоди манфӣ зид мебароянд. Рӯёрӯи "Барселона" бо "Манчестер" шавқовартар аз бозиҳоест, ки "Манчестер" бо дигар дастаҳои камбаҳо дар Лигаи қаҳрамонҳо бозӣ мекунад. Мо мухлисони худро дар тамоми рӯи олам дорем. Ин маблағ ва даромад барои ҳама бошгоҳҳо хоҳад буд. Яке аз аввалин вазифаҳое, ки мо дар пеши худ гузоштаем, ин наҷот додани футбол аст. Халосӣ аз ҳама монеаҳо дар маҷмӯъ.”

Хотиррасон менамоем, ки барои ба Суперлига пайвастан, бошгоҳҳои “Арсенал” Тоттенҳем”, “Челси”, “Ливерпул”, “Манчестер Сити” ва “Манчестер Юнайтед” аз Англия, “Милан”, “Ювентус”, Интер” аз Италия ва “Барселона”, “Реал Мадрид” ва “Атлетико Мадрид” аз Испания расман тасмими худро эълон доштанд. Президенти ин лигаро Флорентино Перес, ки ҳамзамон президентии бошгоҳи “Реал Мадрид”-ро низ ба дӯш дорад, ишғол намудааст. Бошгоҳҳои муассиси ин лигаи нави аврупоӣ кӯмаки молиявии якдафъаинаро дар ҳаҷми 3,5 миллиард эвро дарёфт мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив