LIVE

Норозигии ФИФА аз таъсиси Суперлигаи нав

FIFA ба 12 бошгоҳи аврупоие, ки  ба мусобиқаи нав - Суперлига пайвастааст, вокуниш нишон дод.
«ФИФА мехоҳад маълум кунад, ки ин   мусобиқа метавонад ба рушди футбол ҳамчун як намуди варзиш, алахусус дар сатҳи ҷаҳонӣ, мусоидат кунад, зеро рушди футболи ҷаҳонӣ вазифаи асосии FIFA мебошад. 
Ба андешаи мо ва мутобиқи оинномаи мо, ҳар як мусобиқаи футбол, чӣ дар сатҳи миллӣ, чӣ минтақавӣ ва чӣ ҷаҳонӣ, бояд ҳамеша принсипҳои одилона ва тақсимоти одилонаи молиявиро инъикос намояд. Гузашта аз ин, мақомоти роҳбарикунандаи футбол бояд тамоми василаҳои қонунӣ, варзишӣ ва дипломатиро барои идомаи фаъолият  истифода баранд.
Ҳамин тариқ, ФИФА метавонад танҳо норозигии худро ба "лигаи ҷудоихоҳи аврупоӣ" барои риоя накардани принсипҳои дар боло зикршуда баён кунад.
ФИФА ҳамеша ҷонибдори сулҳу дӯстӣ дар футболи ҷаҳонӣ аст ва доимо ҷонибҳоро дар мубоҳисаҳои шадид ба муколамаи ором, созанда ва дар рӯҳияи ҳамбастагӣ ва ростқавлӣ ташвиқ мекунад. Албатта, мо барои пешрафти ҳаматарафа ба манфиати умумии футбол ҳар кори лозимаро мекунем », - иқтибос меорад  изҳороти ФИФА-ро  Mirror.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив