LIVE

Флорентино Перес президенти Суперлига таъйин шуд

Хадамоти матбуоти “Реал Мадрид” дар сомонаи расмӣ аз пайвастани клуби шоҳона ба Суперлигаи Аврупо хабар дод, ки президентии онро роҳбари кунунии клуб Флорентино Перес ба уҳда гирифтааст.
"Мо ба футбол дар ҳама сатҳ кумак мерасонем, то дар ҷаҳон ҷойи сазовори худро гирад. Футбол ягона варзиши ҷаҳонӣ аст, ки беш аз чор миллиард пайрав дорад, масъулияти топ-дастаҳо бошад, хоҳиши мухлисонро иҷро кардан мебошад. », - мегӯяд Перес.
Ҳамзамон президенти "Ювентус" -и Турин Андреа Агнелли ноиби президенти Суперлига хоҳад буд. Молики  “Манчестер Юнайтед” Ҷоэл Глейзер низ вазифаи ноибиро  ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив