LIVE

Чемпионати Аврупо бо ҳузури мухлисон мегузарад

УЕФА эълон намуд, ки ҳашт шаҳре, ки чемпионати Аврупо-2020 –ро мизбонӣ  мекунанд, омодаанд мухлисонро дар минбарҳои варзишгоҳ истиқбол кунанд.
Шумораи тамошобиноне, ки ба нишастгоҳҳо  қабул карда мешаванд, аз 25% то 100% -и ғунҷоиши варзишгоҳро ташкил медиҳад. Интизор меравад, ки дар Будапешт дар “Пушкас Арена”  пурра мухлисон   роҳ дода мешаванд. Санкт-Петербург омода аст, ки 50% тамошобинонро ба “Газпром Арена” роҳ диҳад ва эътироф мекунад, ки шумораи онҳоро то охири моҳи апрел афзоиш медиҳад.
Амстердам, Бухарест, Копенгаген ва Глазго тасдиқ карданд, ки 25-33% -и варзишгоҳ барои тамошобинон омода мекунанд.  Се шаҳри аввал вобаста ба пешрафти барномаҳои тестии оммавӣ ва шумораи сироятёфтагон  метавонанд то охири моҳи апрел боз  адади   тамошобинонро  зиёд кунанд.
Чор шаҳри дигар - Мюнхен, Рим, Билбао, Дублин - ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ки ба мухлисон иҷозат медиҳанд ё не.  Онҳо бояд қабл аз 19 апрел тасмим бигиранд - дар ин сурат УЕФА дар бораи баргузории бозиҳо дар ин шаҳрҳо қарори ниҳоиашро мегирад. 
«Ҳангоми қабули қарор,  пешгӯиҳои беҳбудии вазъи санитариро дар моҳҳои июн-июл дар назар гирифтанд. Бисёр омилҳо, аз ҷумла сатҳи ваксинзании маҳаллӣ, нақшаҳои барқароркунии иқтисодиёт ва сустшавии интизоршавандаи паҳншавии вирус ҳангоми гармшавӣ ба назар гирифта шуданд », - менависад УЕФА.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив