LIVE

Манъ шудани Суперлига охири кор нест

УЕФА нақшаи чи гуна ҷазо додани бошгоҳҳои “Реал” ва “Ювентус”-ро, ки дар якҷоягӣ нияти таъсис додани Суперлигаи Аврупоро доштанд, мекашад.

“Реал” то ҳол аз ин лигаи навтаъсиси барҳамдодашуда баромаданашро эълон накардааст ва “Ювентус” низ ба қувваи “варзишӣ ва тиҷоратӣ” будани ин лоиҳа бовар дорад, аммо медонад, ки шонси дубора барқарор кардани Суперлига дигар ками кам мондааст.

Хабаргузории “As” хабар медиҳад, ки УЕФА шояд ҳар дуи ин бошгоҳро аз иштирок дар мусобиқаҳои аврупоӣ дар мавсими оянда маҳрум созад. Ин барои бошгоҳҳои “Реал” ва “Мадрид” ҷазои сахттарин хоҳад буд. Ақидаи аъзоёни ин созмони бонуфузи футболи аврупоӣ гуногун аст, баъзеҳо бар инанд, ки ин иқдом роҳандозӣ гардад ва бархе дигар бошанд, мехоҳанд УЕФА нисбати ин ду бошгоҳ ҳукми сабуктареро чораҷӯӣ кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив