LIVE

Перес: “Ювентус ва Милан Суперлигаро тарк накарданд. Барса фикр дорад..."

Президенти “Реал Мадрид” Флорентино Перес гуфт, ки Суперлига оянда дорад.
«Ин номумкин аст, ки дар Англия шаш даста маблағро аз даст диҳанду  14 тими дигар пул кор кунад. Ё ин ки дар Испания се дастаи беҳтарин маблағ аз даст диҳанду боқимондаҳо даромад биёранд. Дигар ин хел идома ёфта наметавонад. Айни ҳол танҳо сарватмандон  пулро аз даст дода истодаанд.
“Ювентус” ва “Милан” Суперлигаро тарк накарданд. “Барса” бошад,  фикр дорад. Шояд мо чизе тағйирот ворид кунем: то 4 бошгоҳ  аз Премйер Лига,  топ 4 даста аз    Ла Лига шомил карда мешаванд. Чизи асосӣ он аст, ки дастаҳои бузург бо ҳам бозӣ мекунанд, кӯдакон бошанд футбол тамошо мекунанд.
Футбол ба тимҳои абарқудрат такя мекунад. Ҳамеша чунин буд. Муқовимати Роналду ва Месси на танҳо барои “Реал Мадрид” ва “Барселона” аст, балки барои тамоми футболи Испания, дар маҷмӯъ  барои футбол аст", - гуфт Перес. 
"Милан" рӯзи 21 апрел эълон кард, ки дар Суперлига ширкат нахоҳад кард: "Мухлисон нигаронии худро ба таври возеҳ баён карданд." Ювентус инчунин изҳорот дод: "Мо эътимоди худро ба қувваи варзишӣ ва тиҷоратии лоиҳа нигоҳ медорем, аммо барои татбиқи он ночизем". “Барселона” то ҳол ба Суперлига ворид нашудааст - барои ин тасмим тасдиқи ҳамаи  аъзоёни клуб лозим аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив