LIVE

Эътирози мухлисони "Арсенал": "Руҳат шод бод "Арсенал!"

Мухлисони “Арсенал” пас аз таъсиси Суперлига аз соҳибаш тақозо карданд, ки дастароро фурӯшад.
Рӯзи душанбе мухлисони тими  футболи Англия  “Арсенал”  дар назди варзишгоҳи “Эмирейтс” шиору овезаҳоеро  овехтанд ва аз соҳиби даста, соҳибкори амрикоӣ Стэн Кронке даъват карданд, ки онро фурӯшад, зеро онҳо аз қарори роҳбарият барои иштирок дар   Супер лига розӣ нестанд.
"Шарм бар даста. Руҳат шод бод, Арсенал. 1886-2021 (солҳои мавҷудияти даста то имрӯз)
“Кронке бояд биравад! " - навишта шудааст дар яке аз овезаҳои  мухлисон, ки дар даромадгоҳи варзишгоҳ овехта шудааст. Пештар чандин иттиҳодияи мухлисони “Арсенал”  дар шабакаҳои иҷтимоӣ хашмгин шуданд, ки роҳбарияти даста бевосита дар ташкили Суперлига иштирок дорад. Ба қавли онҳо Суперлига  "руҳи футболро мекушад", зеро он ташкили "лигаи пӯшида барои элита "-ро дар бар мегирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив