LIVE

Юрген Клопп дар бораи Суперлига: "Ин танҳо масъалаи пул аст, на чизи дигар."

Сармураббии “Ливерпул” Юрген Клопп боварӣ дорад, ки ҳадафи ягонаи ташкили Суперлига пул кор кардан аст.
"Мушкил аст, мардум розӣ нест ва ман дар қабули қарорҳо алоқаманд нестам. Ман ва футболбозон аз тасмими “Ливерпул” барои пайвастан ба Суперлига бехабар будем. Мақсади ман ҳамеша роҳ ёфтан ба Лигаи Чемпионҳо буд. Дар хотир доред, ки чизи аз ҳама муҳим барои ҳар як даста  мухлисон ва гурӯҳ мебошад.  Мо бояд боварӣ ҳосил кунем, ки ҳеҷ чиз барои онҳо монеа эҷод намекунанд. Ман хашми мухлисонро мефаҳмам ва намедонам, ки чаро 12 даста ин корро карданд. Гап танҳо сари пул аст, на чизи дигар ", - мегӯяд Клопп.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив