LIVE

Роналду кай ба майдон бармегардад?

Тавре қаблан хабар дода будем, ҳамлагари бошгоҳи "Ювентус" Криштиану Роналду ба бемории коронавирус гирифтор шудааст. Тибқи ин хабар ҳамлагари 35-солаи мунтахаби Португалия нишонаҳои ин бемориро дар худ эҳсос намекунад, аммо ташхисҳо нишон додаанд, ки ӯ инсони сироятёфта маҳсуб меёбад. Роналду дар бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи миллатҳои УЕФА бар муқобили Шведсия (3:0) дар Лиссабони Португалия, ширкат накард. Хабар дода мешавад, ки озмоиш барои COVID-19, ки аз ҷониби тими миллии Португалия субҳи сешанбе гузаронида шуд, ягон ҳолати дигари сироятро ошкор накард. Аз эҳтимол дур нест, ки Роналду баъди 10 рӯз ба майдон баргардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив