LIVE

Танқиди Роналду аз ҷониби ВАО-и итолёвӣ

Воситаҳои ахбори оммаи Италия ҳамлавари “Ювентус” Криштиан Роналдуро барои бозиҳои охираш танқид карданд. Дар ин бора, хабаргузории “Football Italia” хабар додааст. Сабаби танқид шудани футболбози португалӣ, ин бозиҳои беголи ӯ аст. Ахирон маротиба Роналду рӯзи 7 апрел ба дарвозаи “Наполи” гол зада буд.

La Gazzetta dello Sport” қайд мекунад, ки чунин давраи беголӣ барои ситораи футболе чун Роналду, мисли: “садсола гол назадан” аст. “Corriere dello Sport” менависад, ки: “Роналдуро ҳамон лаҳза пайхас карданд, ки ба сабаби хатоаш қариб буд, “Фиорентина” гол занад”. Рӯзномаи туринии “Tuttosport” чунин менигорад: “Пурсидан мумкин аст, ки оё ӯ (Роналду) аз уҳдаи вазифаи дар пеш гузаштааш дар тобистони имсол, ки чемпионати Аврупо баргузор мегардад, мебарояд ё не? Мушкилӣ дар он аст, ки ӯ акнун худаш танҳо бозӣ мекунад.”

Қаблан мухлисони даста низ бозии Роналдуро танқид карда буданд, ки ин мавзӯъ расонаӣ шуда буд. Дар мавсими имсола, Роналду дар 39 бозӣ бо либоси “Ювентус”, бо задани 32 гол ва 9 партоби головар даст ёфтааст, ки ин нишондоди беҳтарин маҳсуб меёбад, аммо сабаби танқидҳои ахир тӯли наздики як моҳи ахир гол назадани ӯ ба ҳисоб меравад. Чунин раванди танқиду сарзанишҳо барои ин ситораи футбол, сабаб мешавад, ки аз “Ювентус” равад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив