LIVE

Бурди “Барселона” интригаро дар Ла Лига боз ҳам тезутунд гардонид

Бозии даври 31-уми Ла Лигаи Испания байни дастаҳои “Барселона” ва “Хетафе” ҷолибу диданӣ сурат гирифт. Ин дидор, дар майдони хонагии “нилунориҳо” – Камп-Ноу сурат гирифта, бо шумори голҳои зиёде, 5-2 ба фоидаи мизбонон сурат гирифт. Ҳамлавари аргентинии бошгоҳи каталониҳо Лионел Месси дар ин дидор ба задани ду гол ва партоби головар саҳм гирифта, метавонист дар ҳисоби худ боз як ҳет-трики дигарро сабт намояд, аммо задани пеналтиро дар дақиқаи сеюми иловагӣ ба футболбози фаронсавӣ Антуан Гризманн вогузор намуд. Ҳар ду голи Месси ҳам, воқеан олиҷанобу диданӣ буда, дар қисми аввали бозӣ аллакай ҳисобро 3-1 карда буд. Голи дуюмро, ки Шакла – бозингари “Хетафе” ба дарвозаи худашон зад, маҳз таҳти фишори Месси сурат гирифта, ҳам ин бозингарро ва ҳам дарвозабонро дар ғафлат гузошт. Дар қисми дуюми бозӣ, меҳмонон пайиҳам ҳуҷум намуда, ба онҳо муваффақ гашт, ки боз як голи дигарро равонаи дарвозаи Тер Штеген намоянд, аммо Араухо, ки дар қисми дуюм ба майдон баромада буду бо айби қоидавайронкунии ӯ голи дуюми меҳмонон аз пеналтӣ зада шуд, хатои худро ислоҳ намуда, ҳисобро 4-2 намуд. Дар дақиқаҳои охири иловагии бозӣ бошад, баъди таъин намудани пеналтӣ ба дарвозаи “Хетафе” онро Гризманн озодона вориди дарвоза намуда, ҳисобро 5-2 нуқта гузошт. Бозингари аргентинӣ "Беҳтарин бозингари бозӣ" шинохта шуда, дар ҳисоби худ дар мавсими имсола 25 голро сабт намуда, дар ҷойи аввали голзанҳо қарор дорад.

Акнун “Барселона” бо касби 68 имтиёз дар ҷойи сеюми ҷадвал устувор истода, аз садрнишини ҷадвал, “Атлетико”  (73 имтиёз), ки шоми дирӯз бо ҳисоби 2-0 бар “Уэска” ғолиб омад, бо фарқи панҷ имтиёз қафо монд. Дар ҷойи дуюм бошад, “Реал Мадрид” бо 70 имтиёз қарор дорад. Лекин шогирдони Куман дар ихтиёри худ, як бозии захиравӣ доранд, ки дар сурати боз ҳам ғолиб омадан, метавонанд, аз шогирдони Зидан пеш гузаранд. Ҳамин тавр, дар чемпионати Испания интригаи қаҳрамонӣ тезутунд ҷараён дошта, ҳар се аз ин дастаи пурқудрат мехоҳанд ғолиби чемпионати имсола бошанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив