Тибқи иттилои The Sun, ояндаи наздик дар Британияи Кабир як мусобиқаи нави клубӣ пайдо шуданаш мумкин аст, ки ҷои чемпионатҳои Англия ва Шотландияро мегирад. Роҳбарони Премйер Лига, ки нав ба Суперлига рафтанд, чунин мешуморанд, ки чемпионати онҳо ба тағиротҳои васеъ ниёз дорад ва яке аз нуқтаҳои асосии барнома ин шомил кардани дастаҳои қавии Шотландия – “Селтик” ва “Рейнҷерс” мебошад.
Қарор аст, ки дар дивизияи элита 18 даста ширкат меварзад. Ин лоиҳа бояд аз ҷониби ФИФА, УЕФА ва ҳукумати Британия дастгирӣ ёбад.