“Барселона” -и Испания ба ҳамлагари “Лион” - и Фаронса Мусса Дембеле таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст.
Мураббии дуюми “Барс” мутахассиси шведӣ Ҳенрик Ларссон, аллакай бо ин бозигар гуфтугӯ кардааст. Роҳбарияти клуби каталонӣ ҳамлагари фаронсавиро ҷойгузини Луис Суарес медоданд, ки сармураббии нави даста Роналд Коман ба ҳунари ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.
Мусса Дембелеи 24-сол дошта, аз соли 2018 дар “Лион” бозӣ мекунад. Қаблан ӯ дар “Фулхэм”-и Англия ва “Селтик”-и Шотландия низ бозӣ кардааст.