LIVE

Президенти “ПСЖ” роҳбари Ассотсиатсияи бошгоҳҳои аврупоӣ интихоб гардид.

Президенти бошгоҳи "Пари .сен-Жермен" Носир Ал-Ҳулайфӣ роҳбари Ассотсиатсияи бошгоҳҳои аврупоӣ интихоб гардид. Ал-Ҳулайфии 47-солаи қатарӣ дар ин мақом, Президенти бошгоҳи "Ювентус" Андреа Анйелиро иваз намуд. Анйела ин мақомро дар аввали ҳафта тарк намуд. Сабаби тарк намудани итолёвӣ, шомили Суперлигаи Аврупо шудани “Ювентус” буд, ки Анйела яке аз асосгузорони ин лигаи нав маҳсуб мешуд.

Ал-Ҳулайфӣ ҳамчунин аъзои шӯрои директорони УЕФА буда, яке аз аввалин президентони бошгоҳҳое гашт, ки муқобили ташкили Суперлига баромад намуда, изҳор дошт, ки “ПСЖ” шомили ин лигаи нав намешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив