LIVE

Куман дар бораи истеъфои худ посух дод

«Ин аҷиб аст, ки бояд ба чунин савол ҷавоб диҳам, зеро мо дар 19 бозӣ мағлуб нагаштаем. Мо як бозиро бохтем ва ман аллакай бояд дар бораи ояндаи худ сӯҳбат кунам?. Ман як соли дигари шартнома дорам. Медонам, ки фишор барои кор дар ин ҷо зиёд аст ва ман аз ӯҳдаи ин кор баромада метавонам, аммо баъзан ин каме аҷиб аст. Як соли дигари шартнома дорам ва медонам, ки агар мо дар бозӣ бо “Атлетик” пирӯз шавем ё шикаст хурем, чӣ мешавад. Ман бо президент гуфтугӯ кардам ва ӯ ба ман эътимод дорад”, иқтибос меорад Куман.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии даври 29-уми Ла-Лига “Барселона” аз “Реал Мадрид” шикаст хӯрда, (1: 2) ба 19 силсила бозиҳои худ нуқта гузошт. Дар айни замон, клуби каталонӣ бо 65 имтиёз дар ҷадвали чемпионати Испания дар ҷои сеюм аст. Даста аз “Атлетико”-и пешсаф 2 хол камтар дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив