LIVE

Омадани Куман боиси рафтани Суарес мешавад

Сармураббии нави "Барселона" - Роналд Коуман бо ҳамлагар Луис Суарес сӯҳбат кард ва гуфт, ки ба ӯ эътимод надорад, хабар медиҳад Marca, бо такия ба сарчаша аз RAC1.
Форварди уругваиро дар бораи оғози тамринҳо  ба мавсими нав огоҳ накардаанд ва бозигар  бояд шартномаро бо клуб қатъ кунад. Тавре иттилоъ дода мешавад, қарордоди ӯ бо клуби каталонӣ охири соли 2021 ба анҷом мерасад. 
Суарес феълан дар истироҳат қарор дорад.  Қадами навбатӣ барои ӯ гуфтушунидҳо дар бораи қатъи шартнома бо иштироки адвокатҳои Уругвай мебошанд.
Қаблан расонаҳои испанӣ хабар дода буданд, ки “Барса” нақша дорад, ки Суаресро дар харидории нимҳимоятгари “Аякс” - Дони ван де Бек ҳамроҳ намояд.   Маблағи нимҳимоятгар 45-50 миллион евро арзёбӣ мешавад, ки каталонҳо бо мақсади харҷи камтар дар ин муомилот футболбози уругваии худро шомил кардан мехоҳанд.  Дар ин ҳолат, ҳамлагар ба чемпионати Голландия меравад ва Дони ван де Бек ба назди  Куман бо пардохти иловагии 20 миллиони еврои дигар меояд. 

Next Post

Комментарии 1

Воҳиди Худжаназар
Воҳиди Худжаназар от 25 августа 2020 19:42
Зӯр меша некем

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив