LIVE

Дар Эрон барои доварзан бозии Премйер Лига 100 бор қатъ карда шуд

Телевизиони давлатии Эрон пахши мустақими бозии даври 31-уми чемпионати Англия  миёни дастаҳои “Тоттенхэм” – “Манчестер Юнайтед”-ро (1:3) беш аз 100 маротиба қатъ кард, то пойи довари зан Сиан Масси-Эллисро нишон надиҳад. Дар ин бора Daily Mail менависад. Тавре ки рӯзнома қайд мекунад, коркардонҳои  намоиш ба тамошобинон нақшаи варзишгоҳи “Тоттенҳэм”-ро нишон доданд, то онҳо Эллисро, ки дар ин бозӣ ба ҳайси довари канорӣ кор мекард, набинанд. Як созмони ҳуқуқи башари Эрон гуфт, ки ин амал ба хотири ҷилавгирӣ аз инъикоси қисмҳои урёни пойҳои доварзан  анҷом дода шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив