LIVE

Оле – Гуннар Сулшер: «МЮ» футболбозонашро фурӯхтанӣ нест.”

Сармураббии дастаи “Манчестер Юнайтед” Оле – Гуннар Сулшер овозаҳоро дар мавриди хоҳиши тарки даста доштани нимҳимоятгари фаронсавӣ Пол Погба шарҳ дода, иброз намуд, ки:

“Мо “Манчестер Юнайтед” ҳастем ва зарурате ба фурӯхтани бозингарони худ надорем. Мо дархосте аз бозингаронамон оиди дигар даста гузаштан надорем. Погба ҳеҷ гоҳ худашро аз бошгоҳ ҷудо карданӣ набуду нест. Ӯ ҳама қувваашро баҳри пурқувват шудани даста мегузорад ва ҷуз ин дигар чизе наметавонам бигӯям. Сӯҳбатҳо бо агентҳо доимо баргузор мешавад ва чуноне қаблан гуфтам, ҳеҷ таклифе то ҳол нашудааст. Дар мавриди Пол Погба бошад, гуфтаниам, ки ӯ маҳорати воло дорад ва инсонияташ ҳам беҳтарин аст. Ӯ қалби тиллоӣ дорад. Дирӯз бегоҳӣ бо Лингард якҷоя мерафтанд ва овоза дар расонаҳо пахш шуд, ки гӯё бо Лингард ягон нофаҳмие байнашон рух дода бошад. Ман мефаҳмам, ки рӯзноманигорон ба ҳар гуна хабарҳо мехоҳанд рӯзномаҳои худро фурӯшанд ва диққати дигаронро ҷалб намоянд, аммо футболбозони дастаи мо ҳама касбианд!” 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив