LIVE

Зидан оиди Месси гуфт

Сармураббии дастаи “Реал Мадрид” Зайниддин Зидан қабл аз бозии дар пешбудаи даста бо “Барселона” ақидаҳояшро оиди овозаҳо нисбати рафтани Месси аз “Барселона” иброз намуд:

“Ман намехоҳам ин охирон Эл-классико дар ҳаёти Месси бошад. Бигузор ӯ дар “Барселона” бимонад! Ин барояш хубтар аст. Мондани Лионел барои Ла Лига низ суди зиёде дорад. Мо хуб медонем, ки Месси чӣ гуна бозингар аст. Шояд ӯ гол зада натавонад дар классикои навбатӣ, аммо мо дар кадом сатҳ будани ӯро медонем.”

Хотиррасон менамоем, ки Месси аз соли 2018 инҷониб дар Эл-Классико ягон гол назадааст. Аммо голҳои задаи ӯ дар Эл-Классико 26 -то буда, ба тамоми голҳои задаи ҳайати ҳозираи "Реал Мадрид" (26) баробар аст. Бозии навбатии ин ду дастаи бо рақобатҳои доимӣ,имрӯз 10 апрел соати 23:55 дақиқа тавассути шабакаи телевизионии ТВ “Футбол” пахш мегардад. Бозии мазкурро тамошобинон метавонанд аз шабакаи мо тамошо кунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив