LIVE

Месси ва Бартомеу қаҳрианд

Муносибат байни президенти “Барселона” - Хосеп Бартомеу ва ҳамлагар Лионел Месси ҳанузам нигаронкунанда аст.  Бо гузаштаи 15 рӯз аз эълони боқӣ мондан дар ҳайати бошгоҳ муколама байни бозингар ва роҳбари даста  ба роҳ монда нашудааст. Дар бораи муносибати сарди Бартомеу ва Месси Mundo Deportivo хабар додааст. Бартомеу ва Месси ҳоло ҳам ҳарф намезананд. Қайд карда мешавад, ки онҳо муддати тӯлонӣ иртибот надоштанд - на аз надик ва на тавассути телефон. Лионел Месси умед дорад, ки дар интихоботи навбатӣ барои президенти “Барселона” нафари арзанда ба ин курсӣ менишинад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив