Неймар музокиротро дар бораи шартномаи нав бо ПСЖ мутаваққиф кард.Ҳамлагари ПСЖ Неймар метавонад фаъолияти худро дар “Барселона” идома диҳад, менависад Mundo Deportivo. Тибқи иттилои манбаъ, Неймар музокиротро дар бораи шартномаи нав бо бошгоҳи шаҳри Париж манъ кардааст. Қайд карда мешавад, ки клуби каталонӣ зидди нақшаи бозгашти футболбози бразилӣ нест.
