LIVE

Батшуайи нагузошт «Эвертон» шаҳди пирӯзиро чашад

Дастаи «Эвертон» дар майдони хонагии худ – «Гудисон Парк»-и шаҳри Ливерпул дар рақобатҳои чемпионати Англия дастаи Кристал Пелас»-ро қабул намуд. Бозиро ҳайати доварон бо роҳбарии сардовар Кевин Френд ҳакамӣ намуданд. Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 56-ум аз ҷониби шогирди Анчелотти Хамес Родригес, ки зарбаро аз беруни майдончаи ҷаримавӣ дуруст ба ҳадаф расонд, кушода шуд. Партоби головарро ба бозингари колумбиягӣ Шеймус Коулман партофт, ки дуруст омада расид. Дар дақиқаи 86-уми бозӣ, ҳамлавари «Кристал Пелас» Миши Батшуайи ҳисобро баробар намуд. Футболбози белгиягӣ нагузошт, ки дастпарварони Карло Анчелотти дар хонаи худ соҳиби се имтиёз гарданд. Ҳамин тавр, бозӣ бо ҳисоби 1:1 ба охир расид.

Дар ҳоли ҳозир, «Эвертон» бо касби 47 имтиёз дар 29 бозӣ, дар ҷойи ҳаштуми ҷадвали Премйер-Лига қарор дошта, «Кристал Пелас» бошад, бо соҳибии 38 имтиёз дар ҷойи 12-уми ҷадвал қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив