LIVE

Чин боз як ситораи аврупоиро рабуд

Бошгоҳи чиноии «Шанхай Шенхуа» аз гузариши Эл-Шааравии 26-сола ба ҳайати хеш эълон намуда, аз ин баъд собиқ ҳамлавари итолиявии “Рома” фаъолияти варзишияшро дар Суперлигаи Чин идома медиҳад. 
 “Эълон мекунем,ки Эл-Шаарави имрӯз ба Шанхай ташриф меорад ва ба даста ҳамроҳ мешавад. Хуш омадед!”-навишта шудааст дар твиттери расмии дастаи чиноӣ.
 Goal.com бошад хабар медиҳад,ки ҳаҷми маблағи гузариши ин футболбоз 18 миллион евроро ташкил додааст. Мавсимҳои ахир Эл-Шааравии 26-сола дар “Рома” майдондорӣ намуда, дар 136 бозӣ ба задани 40 гол даст ёфтааст.
 Ёдовар мешавем,ки пештар Стефан дар ҳайати “Милан”, “Ҷеноа”, ва “Монако” бозӣ намуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив