LIVE

Боз як ҳоландии дигар ҳайати “Ювентус”-ро комил мекунад

“Ювентус”-и Турин метавонад нимҳимоятгари "Манчестер Юнайтед" Донни ван де Бекро ба ҳайати худ ҷалб созад. Дар ин бора ВАО-и Италия хабар медиҳад. Дони дар феҳристи бозигароне шомил гардидааст, ки “Ювентус” ба Италия даъват кардан мехоҳад. Тавре ки гуфта мешавад, Донни ван де Бек мавсими ғайри қаноатбахшро дар Олд Траффорд мегузаронад. “Девҳои сурх” аз бозигари ҳоландӣ интизориҳои зиёд доштанд, аммо ӯ дар ҳайати асосӣ мавқеъ пайдо карда наметавонад. 
Қабл аз Манчестер, ван де Бек дар “Аякс”-и Амстердам бозӣ мекард. Дар “Юве” бошад,  дӯст ва ҳамдастаи собиқи ӯ Маттис де Лигт бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив