LIVE

«Реал» аз ҳайати тиллоии «Аякс» футболбоз мехарад

Ниммуҳофизатгари  «Аякс» Донни ван де Бек корномаи варзишии худро дар  «Реал» идома медиҳад. Дар ин бора Marca иттилоъ додааст.
Мадридиҳо ҳануз тобистони соли гузашта бо  футболбози 22 сола маслиҳат карда буданд.  Ҳамакнун бо бошгоҳи шаҳри Амстердам дар мавриди ин муомиллот ба мувофиқа расидаанд. Барои овардани  Донни ван де Бек ба «Сантяго Бернабеу» «Реал» 55 млн €  пардохт мекунад. Ван де Бек —дастпарвари  «Аякс» буда, дар мавсими ҷорӣ ӯ  16 бозӣ анҷом дода, ба задани 6 гол ва 4 партофти головар даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив