LIVE

Муҳаммад Салоҳ ба зинаи дуюм баромад

Ҳамлагари “Ливерпул” ва мунтахаби Миср Муҳаммад Салоҳ дар ҳайати тими миллии худ дар бозии даври интихобии Ҷоми миллатҳои Африқо бо тими миллии Комороc (4-0) ба майдон баромад. Ҳамлагари 28-сола дар ин бозӣ дублро ба самар расонид.  Ба иттилои Goal.com ин 43-юмин голи Муҳаммад дар тими миллӣ маҳсуб мешавад. Мувофиқи ин нишондиҳанда, бозигари  “Ливерпул” аз Ҳасан Эл-Шазлӣ (42) пеш гузашта, ҷои дуюмро гирифт. Беҳтарин нишонзани мунтахаби Миср бо 68 гол Ҳусам Ҳасан маҳсуб мешавад. Аз соли 2011 Салоҳ ба тими миллии Миср даъват мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив