LIVE

"Шоҳи футбол" Роналдуро табрик кард

Собиқ футболбози дастони тими миллии Бразилия - Пеле ҳамлагари "Ювентус" Криштиану Роналдоро барои нав кардани рекорди ӯ аз ҷиҳати голҳо табрик кард.
«Роналдуи азиз, корномаи олиҷанобе доред! Ман шуморо хеле қадр ва эҳтиром мекунам, ки ин барои касе пӯшида нест. Ман туро барои гузаштани рекордам аз ҷиҳати голҳо дар бозиҳои расмӣ табрик мекунам. Ин хабарро бо як эҳтироми бузург ва дустии ҷовидон ба шумо менависам», — навиштааст Пеле дар саҳифаи «Твиттер»-аш.
Дирӯз Роналду дар бозӣ бо дастаи “Каляри” (3:1) муаллифи хет-трик шуд, ки ин натиҷа ӯро аз шоҳи футбол Пелеи дастон (767 гол) пеш намуд. Дар айни ҳол Роналду дар бозиҳои расмӣ 770 голро таслими дарвозаи рақибон намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив