LIVE

“Бавария” дар талоши ба даст овардани нимҳимоятгари “Реал”

Ба иттилои Marca нимҳимоятгари “Реал Мадрид” - Федерико Валверде метавонад дар чемпионати Олмон бозии худро идома диҳад. Бино ба иттилои манбаъ, "Бавария" ба хидмати нимҳимоятгари мунтахаби Уругвай таваҷҷӯҳ дорад. Тобистони гузашта мюнхениҳо аллакай кӯшиш карда буд, ки Валвердеро ба даст оранд, аммо ин гузариш амалӣ нашуд. Дар ҳоли ҳозир "Реал" намехоҳад бо нимҳимоятгар ҷудо шавад, аммо роҳбарияти "Бавария" интизор аст, ки ҳамтоёни мадридиашон фикри худро иваз мекунанд.
Дар мавсими ҷорӣ Валверди 22-сола дар 18 бозии чемпионати  Испания ширкат варзида, 3 гол зада, 1 партофти головар анҷом додааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив