LIVE

Неймар бар муқобили “Барселона” бозӣ мекунад ё не?

“Париж-Сен-Жермен” эълон кард, ки Неймар дар бозии ҷавобии даври 1/8 финалии Лигаи Чемпионҳо бар муқобили “Барселона”  ба майдон нахоҳад баромад. Форварди бразилӣ ҳафтаи гузашта қисман тамринро дар гурӯҳи умумӣ оғоз кард. Аммо ҳанӯзам амалҳои барқароркунии инфиродиро идома хоҳад дод. Дар ин бора саҳифаи расмии бошгоҳи шаҳри Париж хабар медиҳад. Ёдовар мешавем, ки Неймар дар бозии даври 1/32 Ҷоми Фаронса бо "Кан" (1:0) рӯзи 11-уми феврал маҷрӯҳ шуда буд. Инчунин дастаи “ПСЖ”-ро дар ин рақобат Хуан Бернат ва Моис Кин бо сабаби коронавирус кӯмак расонида наметавонанд.  Илова бар ин Серхио Рико низ бо сабабҳои шахсӣ дар тамрини парижиён ширкат надорад. Бозии ҷавобии ПСЖ ва “Барселона” 10-уми март баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал дар “Камп Ноу” клуби фаронсавӣ испаниҳоро бо ҳисоби 4:1 мағлуб карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив