LIVE

“ПСЖ” қабл аз бозӣ бо "Барса" ду футболбозашро аз даст дод

Дастаи “ПСЖ” қабл аз бозии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо ду бозигари асосии худро аз даст дод. Дар саҳифаи расмии бошгоҳи париҳӣ омадааст, ки ҳамлагари даста Неймар бо сабаби осеб бардоштан чаҳор ҳафта бозӣ нахоҳад кард.
Ҳамлагари бразилӣ аз мушаки пои чапаш осеб гирифт. Ин ҳодиса дар бозии Ҷоми Фаронса бар муқобили Кан (1:0) рух дод. Қабл аз Неймар Ди Мария низ ҷароҳат бардошта буд ва ба майдон баромадани ӯ низ сери суол мемонад. 
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16-уми феврал парижиҳо дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо дар сафар бар зидди "Барселона" бозӣ мекунанд ва 10-уми март бозии ҷавобӣ дар Париж баргузор мешавад.
Бразилиягӣ дар мавсими ҷорӣ дар Лигаи 1-и Фаронса 11 бозӣ гузаронида, шаш гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив