LIVE

Зидан нисфи ҳайати худро аз даст дод

Ҳимоятгари “Реал Мадрид” - Марсело дар бозӣ бар муқобили  “Хетафе” маҷрӯҳ шуд. 
Ёдовар мешавем, ки  дар бозии мазкур қабл аз анҷоми рақобат ӯ хоҳиш кард то ивазаш кунанд, зеро мушаки пои чапаш осеб бардошт. Саҳифаи расмии бошгоҳи шоҳна  хабар дод, ки Марсело накамтар аз 2 ё 3 ҳафта ба майдон баромада наметавонад. 
Муҳофизатгари бразилӣ 8-умин бозигари “Реал” аст, ки дар бистари беморӣ хоб мекунад. Дар баробари Марсело, Рамос, Карвахал, Милитао, Одриосола, Азар, Валверде, Родриго осебҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанду феълан ба табобат машғуланд.  Интизор меравад, ки Кроос баргардад, аммо Зидан бар муқобили “Валенсия” маҷбур аст, ки аз ҳайати ҷавонон бозигар ҷалб созад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив